Фарзанди қаҳрамон- сармураббии тими мунтахаби кишвар
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Бо сабаби ба кори дигар гузаштани Носир Бозоров бо қарори Кумитаи иҷрояи Федератсияи дзюдои кишвар дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Саидаҳтам Раҳимовро сармураббии тими мунтахаби кишвар оид ба дзюдо таъин намуданд. Саидаҳтам Раҳимов фарзанди қаҳрамони ҷаҳон Саидмуъмин Раҳимов буда, иштирокчии Бозиҳои олимпии тобистонаи ИМА дар соли 1996, 2-карат барандаи ҷоми чаҳон оид ба самбо-дар соли 1996-1998, Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо байни давлатҳои хурд, дорандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон дар Панама оид ба самбо, барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Деҳлӣ, чемпиони Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба дзюдо, Устоди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев иттилоъ дод.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






