Форуми V11 – и эҷодкорон ва аҳли илми ИДМ
Маскав, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 15 — 16 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод Форуми V11 Эҷодкорон ва аҳли илми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзӯи «Стратегияи рушди ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ дар ҳошияи раёсати Туркманистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат мегирад.Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона (ББҲБ) ба мухбури махсуси АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Форум Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов иштирок хоҳад кард. Дар кори ин чорабинии фарҳангию маърифатӣ намояндагони ҳамаи кишварҳои Иттиҳод, Балтика ва Гурҷистон ширкат мекунанд. Ҳайати Тоҷикистон иборат аз 15 нафар намояндагони зиёиёни кишвар мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






