Гӯштини юнонӣ-румӣ дар Кӯлоб
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Бахшида ба 20 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз 31 октябр то 1 ноябри соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ миёни наврасони соли таваллуди 1995-1997 доир мегардад.Дар чорабинӣ, ки аз рӯйи вазнҳои 42кг, 46кг, 50кг, 54кг, 58кг, 63кг, 69кг, 76кг, 85кг ва 100 кг сурат мегирад, ширкати ҳайати дастаҳои вилояти Суғд (2 ҳайат), Хатлон (2 ҳайат), шаҳри Душанбе (2 ҳайат) ва шаҳри Кӯлоб дар назар аст.Ғолибону ҷоизадороне, ки дар вазнҳои алоҳида ҷойҳои 1, 2, 3-ро ишғол менамоянд, бо диплому медали кумита ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб қадрдонӣ мешаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






