Гардиши савдои хориҷӣ меафзояд

Октябрь 30, 2012 08:30

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии ҶТ 3 млрд. 652,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 11,3 фоиз ё 370 млн. доллар зиёд шудааст. Бо вуҷуди ин тарози савдо манфӣ арзёбӣ гардид ва ҳамагӣ дар 9 моҳ 1 млрд. 714 млн. долларро ташкил дод.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ бо 96 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва 86 кишвари хориҷи дур муносибати тиҷоратии худро ба роҳ мондааст.Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи ИДМ 43,9 фоиз ё 1 млрд. 609,6 млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 2 млрд. 47.9 млн. доллар рост меояд.Таваҷҷуҳи давлатҳои хориҷӣ ба маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон сол то сол меафзояд, ин аст ки танҳо дар 9 моҳи соли 2012 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо ИДМ 9,5 фоиз ё 139 млн. доллар ва ба мамлакатҳои хориҷи дур дар ҳаҷми 231,5 млн. доллар зиёд гардид. Танҳо дар моҳи сентябри соли 2012 гардиши савдои хориҷӣ 10,5 фоиз ё 39,8 млн. доллар афзудааст.

Октябрь 30, 2012 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд