Гирифтани пора ба маблағи 300-доллари амрикоӣ
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова)- Аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Зарина Умарова, соли таваллудаш 1975, сокини к.Борбад, мутахассиси Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар пора гирифтан дастгир карда шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, номбурда аз ваколатҳои мансабиаш истифода бурда, дидаю дониста бо маслиҳати пешакӣ барои зиёд намудани нафақапулӣ аз шаҳрванд Левон Айропетян, соли таваллудаш 1938, сокини к.Н.Қарабоев, нафақахӯр, ба маблағи 300-доллари амрикоӣ пора гирифтааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






