Гиромӣ доштани забони модарӣ қарз аст
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи занон, Кумитаи забон ва истилоҳот, шоирон ва донишҷӯёни донишкадаҳо иштирок намуда, оид ба мавқеи забон ва масъалаҳои забони тоҷикӣ сухан ронданд. Тавре ки муовини раиси Кумитаи кор бо занон Марҳабо Олимова гуфт: «Ҳар сол дар саросари кишвар панҷуми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва бояд гуфт, ки гиромӣ доштани забони модарӣ ва баланд бардоштани қадру манзалати он дар ҷомеаи имрӯза қарзи ҳар як шарванд аст».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






