Хизмати ҳарбӣ шараф аст
Кӯлоб, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ихтиёран 64 нафар ҷавонписар ҳозир гардид. Дар саҳни комиссариати ҳарбӣ роҳбарияти ҳокимияти маҳаллӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарон бо ҳам омада, ҳамаи ҷавонписаронеро, ки синнашон ба хизмати ҳарбӣ расидааст, табрик гуфтанд. Раиси шаҳри Кӯлоб гуфт, ки хизмати ҳарбӣ-қарзи фарзандии ҳар як сокини кишвар мебошад ва муҳофизати марзу буми ватан барои ҷавонмардон ҳам қарз асту ҳам фарз. Мирзо Бекматов, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб аз фидокориҳои фарзандони ватан дар ҳифзи кишвари азиз сухан ронда, ҷавононро ба хизмати содиқона ва дӯстдории ватан ҳидоят кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






