«Хоҷа Насриддин ва панҷ зани ӯ» ба Тошканд рафт

Октябрь 3, 2012 16:23

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз 1 то 7 октябр дар шаҳри Тошканд сеюмин ҷашнвораи байналмилалии театрии «Theatre.UZ/2012» баргузор гашта истодааст. Дар ҷашнвора ҳунарпешагони театрҳои ҳашт кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Булғористон, Қирғизистон, Исроил, Русия, Бритониё, Юнон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд.Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора ҳайати ҳунармандони театри ба номи Маяковский бо намоишномаи «Хоҷа Насриддин ва панҷ зани ӯ» муаррифӣ хоҳад намуд. Тоҳир Мамадризоев, сардори Раёсати кор бо театрҳои Вазорати фарҳанг ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Намоишномаи «Хоҷа Насриддин ва панҷ зани ӯ» як рӯз қабл аз анҷоми фестивал 6-уми октябр пешкаши тамошобинон мегардад. Ин намоишнома мазҳакавӣ буда, пурбинандатарин саҳнаи театрӣ ба ҳисоб меравад. Муҳтавои аслии он иборат аз моҷарои миёни Насриддин, қаҳрамони латифаҳои миллии тоҷикӣ ва чор хонуми дигарест, ки шоҳ онҳоро маҷбуран ба никоҳи вай даровардааст.

Октябрь 3, 2012 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад