Хоруғ- гаҳвораи нерӯгоҳҳои барқии Бадахшон
Хоруғ, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – 3 — уми ноябр 80-солагии шаҳри Хоруғ ҷашн гирифта мешавад. Соли 1912 – ум марзбонони Артиши Русияи подшоҳӣ дар мавзеи Барҷеви деҳаи Хоруғ нерӯгоҳи кӯчаки барқиро сохтанд, ки он танҳо хонаҳои истиқоматии афсарон ва хобгоҳи аскаронро рӯшанӣ мебахшиду халос. Соли 1934 дар Хоруғ дар заминаи чашмаи Хуфак нерӯгоҳи дуюми барқӣ бунёд гардид. Ин нерӯгоҳ идороти давлатӣ, хонаҳои истиқоматии сокинони Дирхоруғро рӯшанӣ мебахшид. Соли 1936 муҳандисони соҳаи барқ Сосонин ва Эстрин аз шаҳри Хоруғ дидан карданд. Онҳо дар ин сафарашон дар канори рӯдхонаи Ғунд, дар деҳаи Чухтхоруғ нақшаи нерӯгоҳи барқиеро тарҳрезӣ намуданд, ки иқтидораш 1000 кВт буд. Ин нерӯгоҳ хонаҳои кулли сокинони шаҳри Хоруғро бо нерӯи барқ таъмин намуд. Соли 1970 дар деҳаи Чухтхоруғ нерӯгоҳи чаҳорум бунёд гардид, ки қудраташ 10 мегаватт буду пуриқтидортарин нерӯгоҳи Бадахшон маҳсуб меёфт. Дар заминаи он кулли корхонаҳои саноатии шаҳри Хоруғ кор мекарданд. Инчунин Роштқалъа ва Шуғнон аз нерӯи барқ таъмин гардид. Соли 1994 нерӯгоҳи пуриқтидори «Помир – 1» ба истифода дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






