Ифтитоҳи мактаби нав дар Истаравшан
Душанбе, 27 октябр (АМИТ «Ховар»).-Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Қалъачаи Гули Зарди шаҳри Истаравшан ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи мактаби наву замонавии он иштирок намуд.Бо буридани лентаи рамзӣ ин даргоҳи илму маърифат расман ифтитоҳ ёфт.Тавре зикр гардид, ин мактаб, ки барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо тамоми шароити муосири таҳсил бо сарфи 4 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст. Зимни шиносоӣ аён гардид, ки мактаб дорои озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ба мисли физикаю кимиё ва биология, синфхонаҳои забономӯзӣ ва омӯзиши асосҳои кори компютер ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад.Мактаб ҳамчунин толори калони варзишӣ ва майдони васеи варзишӣ дорад, ки барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ шудаанд. Ошхонаи зебою барҳавои мактабӣ дорои шароити хуби муосир мебошад.Ифтитоҳи ин мактаб боиси хушнудии зиёди аҳолӣ ва мактаббачагони деҳаи Қалъачаи Гули Зарди шаҳри Истаравшан гардид, зеро, тибқи иттилои масъулин, мактаби пешинаи ин деҳа ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта бо усули ҳашар бунёд ёфта, солҳои охир дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми маорифпарвару сарфарози Истаравшани бостонӣ ва хусусан деҳаи Қалъачаи Гули Зардро бо мавриди истифода қарор гирифтани ин мактаби нав табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки хонандагони он бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, оянда дар ободонию тараққиёти Тоҷикистони азиз саҳми намоён мегузоранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






