Ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҶТ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират дар вақти гузаронидани марҳилаи дуюми чорабиниҳои фаврию профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фуруши одамон таҳти унвони шартии «Нелегал-2012» як зумра корҳо ба сомон расонида шуданд, аз ҷумла нисбат ба 73 нафар шаҳрванди хориҷӣ ва қабулкунандагони шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаҳои 499,497,510 ва 138-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи 29 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Аз ҷумла, 59-нафари онҳо барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун шуданд. Ҳангоми санҷишҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва қабулкунандагони шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ гузаронида шуд.Дар ин бора ба АМИТ”Ховар” аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






