Имзои ёддошт
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ва раиси Шӯрои соҳибкорону ассотсиатсияҳои танзимотӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Зайд Саидов Ёддошти ҳусни тафоҳумро имзо намуданд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин санад самтҳои асосии кор ба манзури дастгирии манфиатҳои тиҷорати миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди маблағгузорӣ, ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани кор барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва роҳандозӣ намудани равобити тоҷирон бо намояндагиҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои хориҷи наздик ва дур муайян карда шуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дастгирии ҳуқуқию иҷтимоии соҳибкорӣ, таҳияи тавсияҳо бобати таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо василаи ҷалби технологияҳо ва таҷҳизоти муосир ба иқтисодиёт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






