Иншооти нав аз ҷониби «Рушди деҳот»
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). — Дар деҳаи Шайхони ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бо ташаббуси лоиҳаи «Рушди деҳот» пули мошингузарро барқарор намуда, мавриди истифода қарор доданд. Зиёда аз 4 ҳазор аҳолии минтақа аз иншооти мазкур истифода мебаранд ва тавассути ин пул деҳаҳои Шайхон, Меҳтарии боло ва Куҳпораи ноҳияи Рӯдакӣ бо маркази ноҳия пайваст гардиданд. Тавре ки манбаъ зикр намуд, иқтидори борбардории пули мазкур 80 тоннаро ташкил менамояд. Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи «Рушди деҳот» бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани истеҳсолоти кишоварзӣ, тақвияти инфрасохтори маҳал ва мусоидат ба пешбурди сиёсати аграрӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Бонки Рушди Осиё амалӣ шуда истодааст. Дар ноҳия аз ҷониби лоиҳа 5 иншооти инфрасохтори, 4 маркази ахборию машваратӣ ва омӯзиши бозор, 5 кумитаи истифодабарандагони ҷарроҳӣ, 4 адад нуқтаи хизматрасонии байторӣ ва ғайраҳоро ташкил намудаанд. То охири соли равон аз ҷониби лоиҳа боз 20 адад иншооти муҳим дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ба истифода дода мешавад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти татбиқи лоиҳа иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






