Ишитроки Э.Раҳмон дар ифтитоҳи варзишгоҳи Истаравшан
Душанбе, 27 октябр (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳи рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навсозишудаи шаҳри Истаравшанро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангии бахшида ба ифтитоҳи нақби Шаҳристон, анҷоми пурраи навсозии шоҳроҳи Душанбе-Чанак ва ва дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани худи ҳамин варзишгоҳ иштирок намуд.Чунонки иттилоъ дода шуд, барои навсозии варзишгоҳи шаҳри Истаравшан аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ беш аз 13 миллион сомонӣ сарф гардида, он дорои 18 ҳазор ҷойи нишаст шудааст.Мардуми сипосгузори шаҳри Истаравшан, хусусан дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим, ки варзишгоҳро лабрез намудаанд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шодию нишоти бепоён истиқбол гирифтанд.Зимни суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшанро бо рӯйдодҳои руҳбахшу нерӯафзои имрӯза, пеш аз ҳама мавриди иситифодаи умум қарор гирифтани нақби мошингарди Шаҳристон шодбош гуфт.Бо арзи қаноатмандӣ аз ифтитоҳи ин варзишгоҳи бошукӯҳ изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми заҳматнописанди Истаравшани бостонӣ ҷавобан ба ин таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар минбаъд низ ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва оммавигардонии варзиш, ҳамчунин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим беш аз пеш саъю талош намуда, бахусус дар роҳи тарбияи дурусти ҷавонон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






