Иштироки хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи риёзӣ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Хонандагони Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи байналмилалии риёзӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок доштанд, ба Ватан баргаштанд.Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷамъомади ҷавонон дастаи мунтахаб аз ҷумлаи хонандагони гимназия — интернати «Ҳотам» — и Тоҷикистону Русия ширкат доштанд. Аз ҷумлаи 6 нафар хонандагони аъзои ҳайати дастаи Тоҷикистон 5 нафари онҳо соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд, ки ин дар байни 22 дастаи иштироккунандаи олимпиада натиҷаи баҳтарин аст. Дар ин бора аз гимназия – интернати Тоҷикистону Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






