Иштироки мутахассисони обу ҳавосанҷӣ дар Шӯрои байнидавлатӣ

Октябрь 2, 2012 13:54

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Аз 2 то 5 октябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия иҷлосияи 24 – уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба обу ҳавосанҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки он конфронси илмиро аз рӯи масоили минтақавии обуҳавосанҷӣ дар бар мегирад. Конфронс ба 20 – солагии таъсиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба обу ҳавосанҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 200 – солагии оғози мушоҳидоти мунтазами вазъи обу ҳаво бахшида шудааст.Мувофиқи хабари Муассисаи давлатии обу ҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро директори муассисаи мазкур Маҳмад Сафаров ба ӯҳда дорад.

Октябрь 2, 2012 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш