Иштироки О. Оқилов дар Форуми энергетикӣ
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Имрўз дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Форуми ҷаҳонии энергетикӣ бо номи «Форум барои пешсафони ҷаҳон» ба кори худ оғоз кард. Дар кори форум Оқил Оқилов, Сарвазири Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард. Дар форум намояндагони 80 кишвари аъзои Созмони Миллали Мутаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карданд. Ҳадафи асосии форум рушди ҳамкорӣ дар самти дастрасии аҳолии сайёра ба нерӯи барқ мебошад.Самариддини Айниддин, хабарнигори Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон аз Дубай ба мо гуфт: зимни суханронии худ сарвазири мамлакат оид ба ташаббусҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи дуруст ва оқилонаи об сухан кард. Дар кори Форум муроҷиатномаи иштирокчиён ба имзо расид, ки тибқи муроҷиатнома 22-юми октябр дар ҷаҳон ҳамчун рўзи энергетикӣ таҷлил мегардад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






