Ислоҳот дар милитсия ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Нурилло Орипов директори Бюрои Департаменти давлатии ИМА оид ба назорат аз болои маводи мухаддир дар Аврупо ва Авруосиё Ҷорҷ Кентро ба ҳузур пазируфт. Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ инчунин сардори шӯъбаи назорат аз болои маводи мухаддири Сафорати ИМА хонума Линда Рехт ва мушовири калони Сафорати ИМА оид ба тартиботи ҳуқуқӣ Денис Косгров иштирок намуданд. Дар мулоқот масоили бар зидди маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ равона гардида баррасӣ гардиданд. Инчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои ислоҳоти милитсия ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, тарафҳо зимни сӯҳбати пурмуҳтаво аз ҳамкориҳои судманди Сафорати ИМА бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






