Истеҳсоли маҳсулоти фулӯзӣ меафзояд
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти фулӯзиро афзун намуд. Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 28 корхонаи тавлиди маҳсулоти фулӯзӣ рӯи кор оварда шудааст. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, дар давраи ҳисобот қариб 20 ҳазор тонна маҳсулоти фулӯзӣ истеҳсол шуд, ки маблағи умумии он беш аз 38 миллион сомониро ташкил медиҳад. Маҳсулоти фулӯзӣ асосан барои сохтмони биною иншоотҳои якошёна истифода мешавад. Хотирнишон месозем, ки алҳол дар ноҳияи Ҳисор комбинати нави металлургӣ бунёд мегардад, ки иқтидори он дар марҳилаи аввал 200 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






