Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзуд
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тайи 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон баробари 10,4 фоиз афзуд. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби афзун гардидани маҳсулоти корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат, аз ҷумла ШСХК «Барқи тоҷик», истихроҷи нафту газ, саноати ангишт, саноати истихроҷи маъдан ва маводи сохтмонӣ, ҳамчунин тавлиди маҳсулоти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба даст омадааст.Мувофиқи маълумоти Агентии омор, ҳамзамон суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 1,3 фоиз коҳиш ёфтааст. Сабаби ин асосан паст шудани суръати афзоиш дар корхонаҳои коркарди пахта мебошад. Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 860 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи саноат дар ҳамин давра 461 миллиону 240 ҳазор сомониро ташкил дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






