Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ меафзояд
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба назар мерасад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари қариб 11 фоиз афзудааст. Тавре ки аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, сабаби афзудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бунёди коргоҳу технологияҳои нав дар саноати нассоҷию дӯзандагӣ, бахши кимиё, истеҳсоли маснуоти резинӣ ва пластмассӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки тайи моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 6 миллиарду 700 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Корхонаҳои коркарди нахи пахта дар давраи ҳисобот ба маблағи 551 миллион сомонӣ маҳсулот баровардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 баробар зиёд аст.Ғайр аз ин, аз ҷумлаи 952 корхонаи саноатӣ 681 корхона дараҷаи истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2011 баланд бардоштаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






