Истиқлолият ва саҳми ҷавонон
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- 9 октябри соли равон дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон ба истиқболи 20- солагии Иҷлосияи XXI-уми Шӯрои Олӣ, 15- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият ва ҷавонон» бо ширкати 120 нафар олими ҷавон аз муассисаҳои олии илмиву таълимии ҷумҳурӣ доир мегардад. Конфронс дар бахшҳои улуми ҷомеашиносӣ, дақиқ ва биологию тиб гузаронида мешавад ва 72 маърӯза мавриди баҳсу муҳокима қарор мегирад. Беҳтаринҳо сазовори диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ хоҳанд гардид. Маҷмӯаи маърӯзаҳо таҳти унвони «Ҷавонон ва илми муосир» бо фарогирии 72 мақолаи илмӣ интишор хоҳад шуд.Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






