Истифодаи нерӯи барқ қисман маҳдуд шуд
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре ки роҳбари хадамоти матбуоти Ширкати кушодаи саҳҳомию холдингии (ШКСХ) «Барқи Тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, аз 7 октябр дар Тоҷикистон усули қисман маҳдуд кардани истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид.Мувофиқи хабари манбаъ, бинобар паст шудани сатҳи ҷараёни дарёи Вахш дар системаи энергетикии Тоҷикистон истифодаи оби банди Норак шурӯъ шуд. ШКСХ «Барқи тоҷик» бо мақсади дар сатҳи баланд нигоҳ доштани оби банди Норак ба манзури фасли зимистон бо нерӯи барқ таъмин намудани аҳолӣ, дар баъзе мавзеҳои ҷумҳурӣ дар соатҳои чандон муҳим набудани истифодаи нерӯи барқ интиқоли онро аз соати 12.00 шаб то соати 4.00 субҳ ва аз соати 10.00 субҳ то соати 16.00 рӯз маҳдуд кард.Ин маҳдудият ба шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятӣ ва шаҳрҳои саноатӣ дахл намекунад.Хотирнишон месозем, ки ин маҳдудият реҷаи расмӣ набуда, балки мувофиқи санҷишоти мутахассисони ШКСХ «Барқи тоҷик» барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар давраи зимистон ҷорӣ карда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






