Кӯлоб бо об таъмин мешавад?
Кӯлоб, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар шахру нохияи Кӯлоб бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд. Корхонаи обу корези шаҳр дар давоми соли ҷорӣ се маҳаллаи калонтарини шаҳрро бо об таъмин намуда, дар айни замон чоҳҳои амудиро, ки солҳои тӯлонӣ бекор хобида ва фарсуда гардидаанд, барқарор менамояд. То рӯзҳои наздик боз як маҳаллаи навбунёди шаҳр бо об таъмин мешавад .Маврид ба ёдоварист, ки то имрӯз аҳолии маҳаллаҳои навбунёд, сокинони маҳаллае, ки бар асари офати табиӣ зарар дида буданд, 80 фисад бо об таъмин шуда, корҳои кашидани лӯлаҳои об дар маҳаллаи Умари Хайём идома дорад. Беш аз 50 оилаи маҳаллаи кухнашаҳр, ки солҳои зиёд аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, бо дастгирии ҳокимияти маҳаллӣ ва Корхонаи обу корези шаҳр бо об таъмин гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






