Кӯмак ба бепарасторон- корест савобу хайрхоҳона
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои бошукуҳи ҷумҳуриявӣ кӯмак ба мактаб-интернату хонаҳои кӯдакон дар мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дастгирии ниёзмандон ва кӯдакони бепарастору душвортарбияе, ки дар омӯзишгоҳҳои махсус тарбия мегиранд, корест савобу хайрхоҳона, ки дар ҷашну маросимҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.Дар арафаи ҷашни иди Қурбон ба мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ кӯмаки моддӣ, маводи ғизоӣ, аз қабили биринҷ, равғани растанӣ, картошка, маҳсулоти қаннодӣ ва дигар маводи хӯрокӣ ба маблағи зиёда аз 7000 сомонӣ расонида шуд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии шахсони барҷомондаву бепарастор пайваста чунин чорабиниҳо доир намуда, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






