Кӯмаки Арабистони Саудӣ ба Марказҳои касалиҳои кӯдакона

Октябрь 5, 2012 11:53

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова). — Бахшида ба фарорасии иди Қурбон Бунёди хайриявии «Лона» дар ҳамбастагӣ бо Сафорати шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба шӯъбаи кӯдаконаи маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, шӯъбаи кӯдаконаи касалиҳои хун ва шӯбаи бемориҳои сухта  кӯмаки хайриявӣ тақдим намуд.Тавре ки раиси Бунёди хайриявии «Лона» Ҷӯрахон Бобохон зикр намуд, тайи ду соли охир бунёди мазкур ба тақсимоти маводи кимиёвӣ, доруворӣ ва тӯҳфаҳо ба кӯдаконе, ки дар шӯъбаи кӯдаконаи маркази илмии саратоншиносӣ табобат мегиранд, саҳм мегузорад. Имрӯз сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷалилӣ тасмим гирифтааст, ки ба ҳар як кӯдаки бемор маводи озуқаворӣ, аз қабили равған, орд, шакар, макарон, шири хушк, ҳамчунин аз номи худ ба Маркази кӯдаконаи саратоншиносӣ 2 000 доллари амрикоӣ ва ба шӯъбаи кӯдаконаи касалиҳои хун 10 000 сомонӣ барои хариди дорувории зарурӣ тақдим намояд. Сафир аз вазъи беморон хабардор шуда, иброз намуд, ки ин оғози ҳамкориҳои мост ва дар оянда чунин кӯмакҳои хайриявӣ бештар расонида мешаванд.

Октябрь 5, 2012 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад