Кӯмаки Арабистони Саудӣ ба Марказҳои касалиҳои кӯдакона
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова). — Бахшида ба фарорасии иди Қурбон Бунёди хайриявии «Лона» дар ҳамбастагӣ бо Сафорати шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба шӯъбаи кӯдаконаи маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, шӯъбаи кӯдаконаи касалиҳои хун ва шӯбаи бемориҳои сухта кӯмаки хайриявӣ тақдим намуд.Тавре ки раиси Бунёди хайриявии «Лона» Ҷӯрахон Бобохон зикр намуд, тайи ду соли охир бунёди мазкур ба тақсимоти маводи кимиёвӣ, доруворӣ ва тӯҳфаҳо ба кӯдаконе, ки дар шӯъбаи кӯдаконаи маркази илмии саратоншиносӣ табобат мегиранд, саҳм мегузорад. Имрӯз сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷалилӣ тасмим гирифтааст, ки ба ҳар як кӯдаки бемор маводи озуқаворӣ, аз қабили равған, орд, шакар, макарон, шири хушк, ҳамчунин аз номи худ ба Маркази кӯдаконаи саратоншиносӣ 2 000 доллари амрикоӣ ва ба шӯъбаи кӯдаконаи касалиҳои хун 10 000 сомонӣ барои хариди дорувории зарурӣ тақдим намояд. Сафир аз вазъи беморон хабардор шуда, иброз намуд, ки ин оғози ҳамкориҳои мост ва дар оянда чунин кӯмакҳои хайриявӣ бештар расонида мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






