Кӯмаки навбатӣ ба Хонаи кӯдакон
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Бо мақсади таъмин бо маводи ғизоӣ ва захираи он дар фасли зимистон аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик маводи ғизоӣ — картошка ва пиёз ҳамчун кӯмак расонида шуд.Ин иқдом дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2008 оид ба расонидани кӯмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ амалӣ гардида, чунин кӯмакҳо мунтазам расонида мешаванд.Бояд зикр кард, ки ин муассиса 130 нафар тарбиятгирандаро фаро гирифта, соли 2012 18 нафар хатмкунандаи он ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






