Кӯмаки «Тоҷиксодиротбонк» ба аҳолии Шуғнон

Октябрь 8, 2012 10:06

Душанбе, 8 октябрь. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба 1300 оилаи ниёзманди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки моддӣ расонид.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ доданд, ки ба ҳар хонавода 50 кг орд, 20 кг биринҷ, 15 кг шакар, 10 кг равғани растанӣ, 10 кг марҷумак ва 10 кг ҷавдор тақдим шуд. Ҷиҳати расонидани ин кӯмак роҳбарияти бонк ба ноҳияи Шуғнон сафар намуда, бо мардуми ноҳия аз наздик вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом дод. Тавре раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пиров дар ҳузури ҷамъомадагон дар маркази ҷамоатҳои ноҳия таъкид намуд, иҷрои ин амали хайр, ки аз таваҷҷӯҳи беандозаи Сарвари Давлат нисбат ба Бадахшон ва мардуми он гувоҳӣ медиҳад, барои мо ва кормандони бонк боиси ифтихор аст. Сокинони ноҳияи Шуғнон самимона аз ин иқдоми наҷиби Президенти ҷумҳурӣ изҳори сипос намуданд. Бояд гуфт, ки худи ҳамон руз дар чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ хатнасури 150 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Шуғнони ВМКБ аз ҷониби ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” доир гардид. Чорабинии мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳбарияти Бонк дода буд, амалӣ гардид.

Октябрь 8, 2012 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!