Китоби нави академик Ф.Шарифзода

Октябрь 10, 2012 11:43

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Китоби нави академик Файзулло Шарифзода «Фалсафаи тафаккури омӯзгории аҷдодон» аз чоп баромад. Муаллифи китоб дар асари худ қобили ҳаёт будани тафаккури омӯзгории халқи тоҷикро, ки дар фалсафаи ислом асос ёфтааст, аз нигоҳу диди нав баррасӣ менамояд.Тадқиқоти муаллиф ҳамчунин ҳамоҳангии тафаккури аҷдодон бо масоили имрӯзаи тарбияи ҷавононро инъикос менамояд. Маросими муаррифии китоби нав 11 октябр дар Академияи маорифи Тоҷикистон баргузор мегардад, ки ба он олимони намоён, намояндагони донишкадаҳои олӣ, муаллимон ва зиёиёни пойтахт даъват шудаанд.Дар ин бора аз Академияи маорифи Тоҷикистон ба АМИТ«Ховар» хабар доданд.

Октябрь 10, 2012 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад