Конфронси ҳамгироии Осиёи Марказӣ
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова ).- Рӯзҳои 15-16-уми октябри соли ҷорӣ қарор аст дар истироҳатгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри қайроққуми вилояти Суғд конфронси масъалаҳои ҳамгироии Осиёи Марказӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ баргузор гардад.. Конфронси мазкур аз ҷониби ташкилоти байналмилалии австриягии «Hilfswerk Austria International» дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байни давлатҳо ва маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сармоягузорӣ мегардад. Муҳокимаи масъалаҳои рушди механизмҳои ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ ҳадафи асосии конфронс мебошад. Дар конфронс кормандони мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои хориҷиву дохилии кишвар иштирок хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо мустақар дар Душанбе хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






