Конфронси намояндагони маориф

Октябрь 31, 2012 11:03

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тавре ки мутахассиси бахши барномасозии намояндагии минтақавии СММ барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Наргис Азизова изҳор дошт, ба ваколатдорони ҳуқуқи инсони кишварҳои муҳоҷират тавсия дода мешавад, ки мониторинги дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ба хидматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба маориф, тандурустӣ ва ёрии иҷтимоиро роҳандозӣ намоянд.Наргис Азизова дар конфронси дурӯза таҳти унвони «Воситаҳои самарабахши ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон», ки 30 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, дар ин бора сухан ронд. Мувофиқи суханони номбурда, конфронс натиҷаи ибтикори нави ҷаҳонии Муншии умумии СММ дар соҳаи маориф буда, мақсад аз он таъмини таҳсилоти умумии кӯдакон, баланд бардоштани сифати таълим ва таъмини эҳтироми ҳуқуқҳои инсон мебошад.

Октябрь 31, 2012 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад