Конфронси рушди инноватсионӣ дар ДТТ
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар доираи чорабиниҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тайёр кардани мутахассисон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», рӯзҳои 2-3 ноябри соли ҷорӣ дар мавзӯи «Модели тайёр кардани мутахассисони замони муосир дар самти рушди инноватсионии соҳаҳо» конфронси 3-юми байналмилалии илмию амалӣ баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории конфронс пеш аз ҳама роҳҳои тайёр ва омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои энергетика ва саноат, инчунин пайдо намудани усул ва намунаи тайёр кардани мутахассисони замони муосир дар самти рушди инноватсионии соҳаҳо дар шароити низоми таҳсилоти кредитӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар кори конфронс шарикони ҳамкор аз Федератсияи Русия (шаҳри Иванова, Воронеж, Москва) ИМА ва Ҷумҳурии Олмон ширкат менамоянд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






