Корҳои геологӣ дар соҳаи истихроҷи нафту газ
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Корҳои геологию техникӣ аз омилҳои асосии зиёд намудани истихроҷи нафту газ дар конҳои амалкунанда мебошанд. Дар ин муддат аз тарафи корхонаҳои истеҳсолкунандаи нафту газ 190 маротиба таъмири ҷории чоҳҳо, аз ҷумла, дар сехи КВД «Нафтугаз ва ангишт»- 3, ҶММ «Салоса»- 11, ҶМММ «Петролеум-Суғд»-172, ҶММ «Азизӣ-1»-2 ва 28 адад таъмири асосии чоҳҳо, аз он ҷумла: дар ҶМММ «Петролеум-Суғд»- 8 адад, сехи КВД «Нафтугаз ва ангишт»- 20 гузаронида шудааст. Аз ҳисоби таъмирҳои гузаронидашуда 489 тонна нафт барзиёд истихроҷ шудааст, аз ҷумла, дар ҶДММ «Салоса»-18 тонна, сехи истеҳсоли нафту газ – 381тонна, дар ширкати «Тетис» – 90 тонна. Аз тарафи КФ «Суғднафту газ»- дар чоҳи №16 майдони Маҳрам 520 метр парма шудааст, ки умқи чоҳ ҳамагӣ 4440 метрро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энегетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






