Корти миллӣ- нишони муомилаи миллӣ
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Тавре ки аз дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бонки мазкур ба таври расмӣ ба бонкҳои хусусӣ муроҷиат кардааст, ки барои муштариёни худ аз корти миллӣ истифода кунанд, то ки ин навъи корти пластикӣ дар дохили кишвар маъмулӣ шавад.Маркази протсессингии Бонки миллӣ ба хотири кам кардани мизони муомилоти пули нақдӣ, рушди фановариҳои пардохти маблағ бо шароити муосир дар Тоҷикистон Корти миллиро ба муомила баровард. Манбаъ зикр намуд, ки бартарии корти миллӣ дар дохили кишвар ин аст, ки он дар қаламрави Тоҷикистон истеҳсол мешавад ва маблағи он дар дохил мечархад. Ба сурати умум, Бонки миллӣ иттилоъ медиҳад, ки шумори дорандагони корти пластикӣ дар Тоҷикистон афзуда, ҳудуди ним миллион нафарро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






