Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз Эмерҷенс-Груп
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзод). — Даври дувуми курсҳои омӯзишии мудофиавӣ барои занон-кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар маркази таълимии ВКД аз тарафи мутахассисони соҳаи мазкур ба анҷом расид. Ба иттилои сомонаи расмии ВКД, барои занони кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз мақомоти роҳбонӣ ва дастаи таъиноти махсуси милитсия ва дигар кормандони аз вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар охири сентябри соли равон сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эмерҷенс-Груп, ки даври дувуми он ба шумор меравад, ба мӯҳлати панҷ рӯз курсҳои омӯзишӣ гузарониданд. Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишии услубҳои мудофиавӣ барои занон-кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи занон-мутахассисони Эмерҷенс Груп, бо назардошти “занон-кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои фавқулодда бо яроқ” таҳия гардида, барномаи усули тактикии мудофиавӣ ба занон-кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои бартараф намудани ҳамлаҳои ҷисмонӣ аз тарафи гумонбаршудагон омӯзонида шуданд. Пас аз хатми курси омӯзишӣ ба иштирокчиён барои азхуд намудани мавзӯъҳои омӯзишӣ сертификат супорида шуд, афзуд Р. Илёсов, майори милитсия.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






