Ллойд Пакстон- директори генералии «Сомон Эйр»

Октябрь 4, 2012 11:58

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Ллойд Пакстон ба вазифаи директори генералии ширкати «Сомон Эйр» таъин гардида, дар ин вазифа Алишер Рустамовро, ки дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба вазифаи нав таъин гардидааст, иваз намуд. Дар ин бора ба АМИТ Ховар аз ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, барои ҷаноби Пакстон ин таъинот маънои бозгашти вай ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дорад, зеро пеш аз ин таъинот ӯ вазифаи Президенти ширкати ҳавопаймоии «Эйр Остона» (Қазоқистон)-ро ба уҳда дошт. Ва ҷиҳати пешрафти ширкати мазкур саҳми арзандаи худро гузоштааст. «Баъдан вай як муддати муайян дар вазифаи роҳбари ширкати ҳавопаймоии Малеви давлати Маҷористон фаъолият намудааст. Ҷаноби Ллойд Пакстон дар «Сомон Эйр» барои рушди ҳамаҷонибаи ширкат ва бо мақсади ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани иҷрои парвозҳо масъул мебошад»-афзуд манбаъ.   Тибқи иттилои расида ҳамчунин барои фаъолият дар ширкат панҷ нафар мутахассиси хориҷие, ки ба наздикӣ ба Душанбе меоянд, ҷалб мешаванд. Зимнан ширкати «Сомон Эйр» дорои ду адад Боинги 737-900, ду адад Боинги 737-800, ду адад Боинги 737-300 мебошад. Ширкат парвозҳои худро ба самти шаҳрҳои асосии ИДМ, инчунин ба самти шаҳрҳои Франкфурти лаби Майн, Истанбул, Дубай ва Урумчӣ анҷом медиҳад.

Октябрь 4, 2012 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад