М.улоқоти Қ. Расулзода бо вакилони ҳаракати бонуфуз
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)- 16 октябри соли равон Конфронси IV Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар кори конфронс, ки таҳти раёсати раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят, раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода сурат гирифт, 185 нафар вакил иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки дар конфронс 9 масъала мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Раиси вилоят гуфт: «Мо имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки саҳми Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон воқеан ҳам дар таҳкими сулҳи тоҷикон, рушди босуръати тамоми ҷабҳаҳои рӯзгори халқ, шинохти дину оин ва арҷ гузоштани бузургони миллат хеле намоён аст». Инчунин қайд гардид, ки 1 ҳазору 175 ташкилоти ибтидоии ҳаракат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бештар аз 700 ҳазор аъзоро фаро гирифтаанд, бо ҷалби қувваҳои азими илмию эҷодӣ, адабию фарҳангӣ, сиёсиву ҷамъиятӣ тавонист бо иҷрои рисолати таърихии худ дар таъмин ва расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ саҳми арзишманд гузорад. Дар охир иштирокчиёни конфронс ба Анҷумани IV Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 76 нафарро аз вилояти Суғд ҳамчун вакил интихоб намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






