Маҳфили эҷодии Садриддин Ҳасанзода
Душанбе, 10 октябр (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Дар толори фарҳангии шаҳраки Ховалинг бахшида ба эҷодиёти нависандаи шинохтаи тоҷик, дорандаи ҷоизаи ба номи А.Лоҳутӣ Садриддин Ҳасанзода бо иштироки меҳнаткашони ноҳия маҳфили бошукуҳи адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил раиси ноҳия Қодир Валиев, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, омӯзгорон, донишомӯзони мактабҳои ноҳия ширкат варзиданд. Устод С.Ҳасанзода солҳои 1983-1986 ба ҳайси котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Коммунисти Ховалинг» (ҳоло «Ҳақиқати Ховалинг») фаъолият дошт ва повести нахустини ӯ бо номи «Кабки рав», ки соли 1989 дар нашриёти «Адиб» ба табъ расид, маҳсули эҷоди ҳамин давраи ӯст. Баъди ин ӯ қиссаҳои «Чароғи лола», «Ашки қалам», «Дарёи нур», «Гулафшон», «Доғи сӯзон», «Пуштаи зардолуҳо», «Эҳёи Када» ва «Ёдҳои парокандаи бодияҳо»-ро эҷод кард. Ҳамчунин ӯ муаллифи филмҳои мустанади телевизионӣ, ба мисли «Марди ҷонфидо», «Суруди зиндагӣ», «Умри барқ», «Варзикиён», «Дурахши назм», «Фарас», «Аҷинатеппа», «Аҳорун», «Ҷилои шамшер» ва роҳбари гуруҳи таҳиягарони филмҳои мустанади «Саразм», «Тахти сангин», «Кишвари пешорӯи хуршед», «Раштонзамин», «Фалғар», «Диёри Деваштич», «Кӯлон», «Нозкӯл», «Ҳулбук», «Чорсӯ», «Чоргул» мебошад. Дар маҳфил мудири шуъбаи насри ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» А. Аҳмадхонов, узви ИНТ, директори Бунёди адабиёти тоҷик рӯзноманигор Маҷид Салим иштирок ва суханронӣ карданд. Маҷид Салим аз ҷумла изҳор дошт: «С.Ҳасанзода нависандаест, ки ба ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт дахл кардааст: ҳам экология, ҳам иқтисоду сиёсат ва ҳам фарҳанг. Китоби охирини ӯ «Ёдҳои парокандаи бодияҳо» ба масоили мубрами рӯз- ҷаҳонишавӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо , кӯшишҳои ҳукумат дар посдории дини мубини ислом бахшида шудааст.Устод С.Ҳасанзода дар ҳаҷв низ маҳорати воло дорад. Қиссаи «Чароғи лола» намунаи ин гуфтаҳост». Раиси ноҳия Қодир Валиев иброз намуд, ки хонандагони мактабҳои ноҳия ва кишвар тавассути асарҳои таърихии С. Ҳасанзода «Эҳёи Када» ва «Дарёи нур» аз таърихи муҳоҷирати иҷбории сокинони куҳманзар ба таҳдашт, сӯиқасд ба ҷони аҳли илму адаб ва ҳаёти фарзандони барӯманди куҳистон огаҳӣ меёбанд.Дар мулоқоте, ки бо хонандагону омӯзгорони мактаби рақами 1-и ноҳия доир шуд, нависанда С. Ҳасанзода суханронӣ кард.Вай зикр намуд, ки аввалин намунаҳои эҷодиаш солҳои 1963-67 дар маҷаллаи «Машъал» ва рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба табъ расидаанд. Дар айни ҳол ба сифати муовини аввали директори муассисаи давлатии «ТВ Баҳористон » фаъолият дорад ва аксари ҳикояҳо, лавҳаҳо ва асари охиринаш «Муҷассамаи Нодир» ба ҳаёти бачаҳо бахшида шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






