Маҷмӯаи нави «Молияи Тоҷикистон»

Октябрь 5, 2012 17:00

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Агентии омори кишвар маҷмӯаи нави «Молияи Тоҷикистон» — ро аз чоп баровард, ки маълумотро тайи солҳои 1992, 2006 -2011 дар бораи иҷрои буҷаи давлатӣ, омори бонкӣ, суғурта, нишондодҳои асосии молиявии фаъолияти хоҷагии корхонаю ташкилотҳо дар бар мегирад.Тавре ки аз агентӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба маҷмӯа маълумот дар бораи қарзҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддат, маблағғузории соҳаҳои иқтисодиёт, даромаду хароҷоти буҷаҳо ва ҳисоббаробаркунии корхонаҳо аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон шомиланд.

Октябрь 5, 2012 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш