Мактаби замонавӣ дар Фархор

Октябрь 11, 2012 10:54

Фархор, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бинои мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 6-и ноҳияи Фархор ҳанӯз солҳои 36-уми асри гузашта сохта шуда, дар айни замон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва бо назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои сеошёнаи нави мактабро соли 2009-ум ба истифода дод. Бинои дуюмро хатмкардаи ҳамин мактаб- соҳибкор Диловар Муҳиддинов сохта истодааст, ки он рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад. Бино аз ошхонаи замонавӣ барои хонандагону омӯзгорон, толори мачлисӣ, хонаи муаллимон ва 11 синфхона иборат буда, утоқҳои фаннӣ бо таҷҳизоти мактабӣ муҷаҳҳазанд ва дар он имкони дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 684 нафар хонанда фароҳам оварда шудааст. Барои синфхонаи компютерӣ 10 адад компютер, сканеру принтер ва дигар таҷҳизоти лозимӣ харид шудааст.

Октябрь 11, 2012 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд