«MAN»-ҳои олмониро кӣ ба Тоҷикистон ворид намудааст?

Октябрь 1, 2012 16:40

Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рўзи 1 октябр бо ворид намудани иловаҳо ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди «Авиакомпания Осиё-Экспресс»-ро барои воридоти 20 адад автобуси сохти олмонии «MAN» аз пардохти андоз озод кард.   Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи кишвар бо тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 » гуфт, ки бобати раҳоӣ додани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдилион ба минтақаи транзитӣ бо тамоми инфрасохтори нақлиётӣ, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҶДММ «Авиакомпания Осиё Экспресс» тасмим гирифтааст, ки 20 адад автобуси тамғаи «MAN»-и сохти Олмонро, ки дорои воситаҳои иловагии муосир аст, ба Тоҷикистон ворид намояд, ки он барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Муовини вазири молия гуфт, ки маблағи озодшавии автобусҳои олмонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ 5,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 4, 5 миллион сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 1, 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар робита ба ин масъала Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон аз муовини вазири молия пурсон шуд, ки кист соҳиби ширкати «Авиакомпания Осиё –Экспресс» ва оё он автобусҳое, ки ба ҷумурӣ ворид мешаванд, барои мардум ягон сабукӣ меоранд? Оё онҳо арзиши роҳкирои мусофиронро 10 дирам арзон менамоянд? Аммо муовини вазири молия ба саволҳои раиси парлумон посух дода натавонист. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов гуфт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади эҳёи хатсайрҳое, ки дар замони Шўравӣ амал мекарданд, таҳия шудааст ва ширкати «Авиакомпания Осиё –Экспресс» 40 автобуси сохти олмониро аллакай ба ҷумҳурӣ овардааст. Ва ин ширкат барои ба даст овардани имтиёзҳо барои пардохти боҷи гумрукӣ ба Ҳукумати кишвар муроҷиат кардааст ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои озод намудани танҳо 20 адад автобус аз пардохти боҷи гумрукӣ ризоият додааст.16.22.

Октябрь 1, 2012 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!