«Манзумаи Мавзуна» ғолиби худро интизор аст
Душанбе, 29 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Манзумаи Мавзуна» -чунин ном дорад озмуне, ки онро шаҳрдории Душанбе байни аҳли эҷод эълон намудааст ва ғолиби онро 5 ҳазор сомонӣ интизор аст. Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе мегўяд: «Ҳадафи озмун тарғибу ташвиқи дастовардҳои варзишӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, қадрдонии маънавии ҷавондухтарони варзишгари пойтахт, ҷалби наврасону ҷавонон ба солимгардониву машғулиятҳои варзишӣ, кўмаку дастгирии эҷодкорон барои тараннуми варзишгарони шоиста, хусусан дорандаи медали биринҷии Бозиҳои ХХХ олимпии тобистонаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева аст». Аҳли қалам имкон доранд асарҳои назмии худро, ки дар ситоиши варзишгарон, паҳлавонию таҳамтанӣ ва пирўзии онҳо эҷод намудаанд, ба озмун пешниҳод созанд. Дар асарҳои назмие, ки ба озмун пешниҳод мегарданд, ба тасвири маҳорати паҳлавонию таҳамтанӣ ва варзишгарии духтари тоҷик, ифодаи қаҳрамонӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ, чусту чолокӣ, ҷасорату азму талош баҳри пирўзӣ, ки боиси ифтихори миллист, афзалияти бештар дода мешавад. Озмуни «Манзумаи Мавзуна» то 22 декабри соли равон идома ёфта, 25 декабр натиҷаҳояш ҷамъбаст мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






