Маъракаи даъват ба сафҳои артиш дар 6 ноҳия анҷом ёфт
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тайи 20 рӯзи баъди оғози маъракаи даъват дурнамои ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ даъват намудани ҷавонон баробари беш аз 55 фоиз иҷро гардид. Мувофиқи хабари роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев, маъракаи даъват ба сафҳои артиш дар вилояти Суғд 55,5 фоиз, дар вилояти Хатлон 61 фоиз, ВМКБ 74,5 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 47,5 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 46 фоиз иҷро гардидааст.То имрӯз дар 6 ноҳияи ҷумҳурӣ — Чкалов, Шаҳристон, Носири Хусрав, Қӯрғонтеппа, Мурғоб ва Роштқалъа дурнамои даъват ба сафҳои артиш пурра иҷро шудааст. Хотирнишон месозем, ки даъвати тирамоҳӣ ба сафҳои артиш 1 октябр оғоз ёфта ва то 30 ноябр давом мекунад. Роҳбарии комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили даъват ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро ноиби Сарвазири ҶТ Руқия Қурбонова ба ӯҳда дорад. Сардори Раёсати ташкилию сафарбаркунии Ситоди умумии Вазорати мудофиаи кишвар полковник Хушвахт Мироваров муовини ӯ тайин шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






