Машварати корӣ

Октябрь 6, 2012 10:46

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат машварати корӣ доир намуд.Дар машварат, ки бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовирони давлатӣ ва ёварони Сарвари давлат ва дигар шахсони масъул ҷараён гирифт, рафти иҷрои амру фармонҳои Президенти кишвар ва дастуру супоришҳои дар вақти сафарҳои дохилӣ додашуда баррасӣ шуд.Таъкид гардид, ки иҷрои босамар, саривақтӣ ва босифати амру фармон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошанд. Таваҷҷуҳи зиёд ба иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои охири корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон додашуда, ки моҳиятан ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дахл доштанд, зоҳир карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 6, 2012 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард