Машварати корӣ бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд
Душанбе, 29 октябр (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.Дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят дар 9 моҳи соли равон ва нақшаҳои оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии таҳлилӣ аз рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилояти Суғд дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, доир ба таъмини вусъати бештари корҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.Аз ҷумла зикр гардид, ки дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят қариб ба 5,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,8 фоизро ташкил дод ва қисми даромади буҷети вилоят дар ин давра ба андозаи беш аз 111 фоиз иҷро шудааст. Дар баробари ин бо ишора ба иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷет аз ҷониби баъзе шаҳру ноҳияҳо ва вуҷуд доштани имкону захираҳои иловагӣ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки барои таъмини босифату саривақтии нақшаҳои даромади буҷети давлатӣ, инчунин кам намудани бақияпулиҳо аз ҳисоби қарзҳои андоз чораҳои мушаххас андешанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав ва аз 21 то 10 адад кам шудани намудҳои андоз ёдовар шуда, ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки барои ба роҳ мондани низоми нави андозбандӣ миёни кормандони соҳа ва андозсупорандагон корҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳиро ба таври васеъ ба роҳ монанд.Ҳамчунин зарурати истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ бори дигар таъкид гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 ва 9 моҳи соли равон бунёд ёфтани 153 корхонаи нави саноатиро бо 4 ҳазор ҷойи корӣ нокифоя номида, таъкид дошт, ки аз имкониятҳои фаровони вилоят дар ин самт боз ҳам васеъ бояд истифода намуд.Супоришҳои мушаххаси дигар доир ба дастгирии ҳамҷонибаи соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарзҳои хурди бонкӣ, кушодани филиалҳои бонкҳо ва созмонҳои қарзӣ дар тамоми гӯшаю канори вилоят ва ҷумҳурӣ, вусъат додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пурраи ҳосили фаровони меваю сабзавот ва пахта, беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас, пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирӣ аз нашамандию нашаҷаллобӣ барин тамоюлҳои номатлуб ва дигар корҳои зарурӣ дода шуд.Дастуру ҳидоятҳои дигар, ҳамчунин зимни шунидани ахбори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ба соҳибкорони фаъоли вилояти Суғд доир ба афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои корӣ дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






