Машварати намояндагони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Австрия
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе машварати навбатии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид. Роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров ва ҷониби Австрияро Сафир, роҳбари Раёсати Аврупои Шарқӣ, Балкани Ғарбӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказии Вазорати умури байналмилалии аврупоии Австрия хонум Ҳайдемари Гюрер ба ӯҳда доштанд. Ҷонибҳо дар ҷараёни машварат доираи васеи масоили марбут ба муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро, аз қабили омодагӣ ба сафари Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории байни ҳар ду кишвар, ҷиҳатҳои асосии татбиқи стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар анҷоми машварат ҷонибҳо ба масъалаҳои ривоҷи ҳамкории байни ҳар ду кишвар дахл карда, изҳори умед намуданд, ки муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо рушду густариш хоҳанд ёфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






