Мишел Платини ба Тоҷикистон омад
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – Имрӯз президенти Иттиҳоди ассосиатсияҳои аврупоии футбол (УЕФА) Мишел Платини барои боздиди корӣ ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе омад. Дар фурудгоҳи пойтахт Мишел Платиниро роҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон — президенти федератсия Рустами Эмомалӣ, ноиби президент Азизбек Раҷабов ва муншии умумӣ Фирдавс Файзуллоев истиқбол намуданд.Платиниро узви кумитаи иҷроияи УЕФА Мариос Лефкаритис, ёвари президенти УЕФА Моника Мҳитарян, мушовири президенти УЕФА Паскал Торрес ва мунши умумии Ассотсиатсияи федератсияҳои футболи Озарбойҷон Элхон Мамедов ҳамроҳӣ мекунанд.Сафари роҳбари УЕФА дар Тоҷикистон хусусияти кӯтоҳмуддат дошта, то нимаи рӯзи панҷшанбе давом мекунад. Мишел Платини бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дода, ҳамчунин аз Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дидан мекунад.11 октябр роҳбари футболи Аврупо дар толори меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» — и шаҳри Душанбе барои журналистон нишасти матбуотӣ доир менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






