Мизи мудаввар дар Кумитаи андоз
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 31 октябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар аз рӯи масъалаҳои андозбандии ташкилотҳои қарздиҳанда баргузор гардида, дар он перомуни меъёрҳои таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2013 ба мавқеи иҷро мерасад, тавзеҳот дода мешавад. Тавре ки аз Ассотсиатсияи созмонҳои қарзҳои хурди Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинар бо дастгирии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ сурат гирифта, дар он намояндагони ассотсиатсияи мазкур дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар семинар намояндагони роҳбарият ва сохторҳои дахлдори Кумитаи андоз гузориш медиҳанд. Ҳамаи иштирокдорони мизи мудаввар аз нусхаҳои таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






