Муҳити зистро ҳифз намоед!
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- 11-уми октябри соли ҷорӣ сардорони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роѓун оид ба фаъолияти хеш дар 9 моҳи соли 2012 дар назди муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Назиров ҳисобот доданд. Маълум гардид, ки дар ин шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист дар баробари иҷрои корҳо мушкилоту норасоиҳое низ ҷой доранд ва баъзе бандҳои нақша пурра иҷро нагардида, дар нишондодҳо низ бемасъулиятӣ зоҳир гардидааст. Бинобар ин Ҳ. Назиров ба сардорони шуъбаҳои мазкур огоҳӣ ва супоришҳои қатъӣ дод. Ҳ. Назиров гуфт, ки дар шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист рўз ба рўз шароити корӣ беҳтар гардида, ҳамзамон Кумита аз сардорони шуъбаҳои мазкур фаъолияти пурсамар ва холӣ аз камбудиву норасоиҳоро тақозо дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






